Пайвандҳои дастрасӣ

Як кушта, 2 захмӣ дар тирандозии марзии қирғизҳову узбакҳо



Рӯзи сешанбе дар ҷараёни тирандозӣ миёни марзбонони Узбакистону Қирғизистон як марзбони Қирғизистон кушта, дастикам, ду ғайринизомии дигар, яъне шаҳрвандони Қирғизистон захмӣ шудаанд.

Марзбонони Қирғизистон мегӯянд, ин тирандозӣ дар минтақаи марзӣ дар наздикии деҳаи Булоқбошии Қирғизистон рух додааст. Бо вуҷуди ҳушдори марзбонони Қирғизистон, сокинони ин деҳ дар минтақаи марзии аломатгузорӣ нашуда роҳ месохтаанд.

Бино ба хабари Хадамоти марзии Қирғизистон, марзбонони Узбакистон омадаанд ва дастур додаанд, ки сохтмони роҳро қатъ кунанд. Вале сокинони Қирғизистон ба дастури онҳо ғазаболуд ҷавоб додаанд. Марзбонони Узбакистон баъд аз чунин рафтор оташ кушодаанд.

Як мазбони Қирғизистон низ дар посух ба сӯи марзбонони Узбакистон оташ кушодааст. Дар миёни марзбонони Узбакистон низ талафоти ҷонӣ ба бор омадааст, вале марзбонони Узбакистон дар ин бора хабаре пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG