Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Хайр” бар “Вахш” ва ССКА бар “Энергетик”


Ду бозии мавқуфгузоштаи даври 10-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 17-уми июл поён ёфт.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ҳимоятгари мизбонон Идибек Ҳабибуллоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 58-ум тӯбро бо сараш ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

ССКА “Помир”-и Душанбе низ дар майдони худ дастаи “Энергетик”-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 50-ум Денис Синчук, легионери украинӣ, ба ҳадаф расонд.

Ҳафт даста – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, “Истиқлол”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, "Хуҷанд"-и Хуҷанд, “Истаравшан”-и Истаравшан, "Ҳосилот"-и Фархор ва "Зарафшон"-и Панҷакент бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд.

Сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои мавқуфгузошташуда дастаи "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, ки 28 имтиёз дорад, новобаста аз натиҷаи бозии мавқуфгузоштааш бо "Вахш" (21-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа) дар давраи аввал мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 12 10 2 0 33-9 32
2. "Равшан" 11 9 1 1 17-5 28
3. стиқлол" 12 8 2 2 28-8 26
4. "Хайр" 12 6 3 3 21-18 21
5. “Парвоз” 11 5 1 5 27-18 16
6. “Хуҷанд” 12 5 1 6 18-18 16
7. “Истаравшан” 12 4 2 6 18-24 14
8. "Вахш" 9 4 1 4 12-6 13
9. "Энергетик” 11 3 4 4 17-16 13
10. ССКА “Помир” 10 3 3 4 10-14 12
11. "Ҳосилот” 12 2 1 9 12-31 7
12. “Зарафшон” 12 1 3 8 14-37 6
13. "Гвардия” 10 1 0 9 7-30 3

Нишонзанҳои беҳтарин:Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд") - 7-голӣ.

Тақвими бозиҳои мавқуфгузошта

21-уми июл, шанбе
Бозии даври 11-ум

«Вахш» - «Равшан»

Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, чоршанбе
Бозии даври 12-ум

«Энергетик» - «Вахш»

Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, шанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17:30
XS
SM
MD
LG