Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи чархболҳо дар ҷангҳои Димишқ


Бино ба хабарҳо, артиши Сурия алайҳи нирӯҳои мухолифин дар Димишқ аз чархболҳо истифода бурдааст. Даргирӣ дар дастикам 4 минтақаи канори Димишқ 3 рӯз боз идома дошта, сангинтарин набардҳо дар 16 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад унвон мешавад. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг имрӯз дар Урдун дар мавриди вазъи Сурия гуфт: «Вазъ чунон ҷиддиву пешгӯинашаванда аст, ки фикр накунам, ки ягон пешомадро дар оянда бишавад сарфи назар кард.» Туркия дар ҳамин ҳол хабар дод, ки шаби гузашта як генерал бо чанд афсар аз марз убур карданд, ки шумори генералҳои табдили сангар кардаи суриёиро ба 18 нафар мерасонад. Сафири собиқи Сурия дар Ироқ Наввоф Форис, ки ҳафтаи гузашта ба тарафи мухолифин гузашт, аз нирӯҳо ва сиёсатмадорони суриёӣ даъват кард, ки низ табдили сангар кунанд.
XS
SM
MD
LG