Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди ҳамкории Эрону Туркманистон


Алиакбар Солеҳӣ
Алиакбар Солеҳӣ
Эрону Туркманистон ҷиҳати густариши равобити тиҷорӣ байни ин ду кишвари соҳили баҳри Хазар аҳд супурдаанд. Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ гуфт, Эрон мехоҳад ҳаҷми тиҷорат бо ин ҳамсоякишварашаш дар Осиёи Марказиро аз 5 миллиард доллари соли гузашта ба 10 миллиард бирасонад. Ин изҳорот дар анҷоми боздиди дурӯзаи ҳамтои туркмани ӯ Рашид Муродов аз Эрон нашр шуд. Муродов Эронро «дӯсти наздиктарин ва беҳтарин»-и Туркманистон номид ва гуфт, «масоили ҷузъие», чун таҳримоти байналмилалӣ, ба равобити миёни онҳо таъсир нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG