Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ҳофизи сулҳ дар Афғонистон мегӯянд, дар 12 ҳафтаи гузашта ҳамлаҳои мухолифони мусаллаҳ 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

Генерал Гунтер Катз, сухангӯи нави ISAF ин матлбаро рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул баён дошт. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки талошҳо барои ворид кардани фишори бештар ба мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон идома дорад:

«Агар ба 12 ҳафтаи ахир нигоҳ кунед, мо шоҳиди афзоиши даҳ дарсад аз ҳамлаҳои мухолифони мусаллаҳ будаем. Аммо ин омор агар аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ё бо соли 2011–и мелодӣ муқоиса шавад, тақрибан омори монанд аст.»

Ӯ илова кард, ки қобилиятҳои нерӯҳои афғон бо гузаштии ҳар рӯз болотар меравад ва раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба ин нерӯҳо то замони муъайяшуда пурра хоҳад шуд. Сухангӯи ISAF аз идомаи кӯмак ва ҳимояти ин нерӯҳо ба артиши Афғонистон барои барқарории сулҳ ва субот дар ин кишвар пас аз соли 2014 бори дигар таъкид намуд.

Генерал Гунтер Катз

Генерал Гунтер Катз

Оқои Катз дар бахше аз суханони худ гуфт, ки афзоиши мизони адами пазириши мухолифони мусаллаҳ аз сӯи мардуми Афғонистон сабаб шудааст, то онҳо бештар дар инзиво қарор бигиранд. Вай дар ин масъала ба қиёми мардуми Ғазнӣ алайҳи Толибон ишора кард.

Сухангӯи ISAF гуфт, ки тибқи баррасии онҳо, дар ин авохир тамоюли мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон барои бозгашт ба зиндагии оддӣ бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, ки то кунун панҷ ҳазор аз афроди мусаллаҳи норозӣ ба ин раванд пайвастаанд.

Мақомҳои ISAF таъкид мекунанд, ки он идда аз мухолифони мусаллаҳ, ки майли якҷо шудан ба раванди сулҳро надоранд, фишор ба онҳо ҳамчунон идома хоҳад дошт. Раиси ҷумҳури Афғонистон низ ба тозагӣ дар ҷараёни сафар ба Ҷопон гуфт, ки Толибони мусаллаҳ барои аввалин бор барои гуфтугӯ бо ҳукумат иброзӣ омодагӣ кардаанд. Аммо Толибони мусаллаҳ ин изҳороти оқои Карзайро рад намудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG