Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавқифи муҷаввизи МТС-Узбакистон барои 10 рӯз


Яке аз дафтарҳои МТС-Узбекистон дар Тошканд

Яке аз дафтарҳои МТС-Узбекистон дар Тошканд

Мақомоти Узбакистон муҷаввизи фаъолияти як ширкати русии мухобиротиро барои 10 рӯз мутаваққиф сохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, МТС-Узбакистон ба силсилаи “хилофкориҳои фаннӣ” роҳ дод ва фаъолияташ аз имрӯз боздошт мешавад.
Мақомоти Узбакистон моҳе пеш низ раҳбарони бахши маҳаллии ин бузургтарин ширкати телефонии Русияро барои сифати бади хидматрасонӣ ва истифодаи беиҷозати антеннаҳо интиқод карда буданд. Бино ба хабарҳо, додситонӣ алайҳи мақомоти МТС- Узбакистон бо иттиҳоми хилофкорӣ чанд парванда низ кушодааст.
XS
SM
MD
LG