Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асад аз силоҳи кимиёӣ низ ҳазар нахоҳад кард"


Навоф Форис
Навоф Форис
Баландтарин мақоми сиёсии Сурия, ки ба тарафи мухолифин гузашт, мӯътақид аст, ки режими Башор Асад ба хотири ҳифзи қудрат ҳатто аз истифодаи силоҳҳои кимиёӣ ҳазар нахоҳад кард. Навоф Форис, сафири собиқи Сурия дар Ироқ ба ББС гуфт, гузоришҳои тасдиқношуда ҳокист, ки силоҳҳои кимиёӣ алакай дар Ҳумс истифода шудаанд. Ӯ ҳамчунин режими Асад ва Ал-Қоидаро ба ҳамкорӣ дар бомбгузориҳо айбдор кард. Бо ин ҳол, фиристодаи байналмилалӣ Куфӣ Анон дар Маскав бо раҳбарони Русия мавзӯъи қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди буҳрони Сурияро баҳс кардааст.
XS
SM
MD
LG