Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷӣ изҳороти Чиркинро "беасос" хонд


Сарбозони пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон.

Сарбозони пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон.

ВУХ Тоҷикистон изҳороти ахири генерали русро дар бораи тамдиди пойгоҳи 201-уми Русия "бо шартҳои пешина" такзиб кард.

Генерал-полковник Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия рӯзи гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт, ки раҳбарияти Тоҷикистон тарҳи созишномаи пешниҳодкардаи Русияро дар бораи истиқрори пойгоҳи 201-ум "бо шартҳои имрӯз амалкунанд ва ройгон" дар маҷмӯъ "қобили қабул" хондааст. Вай гуфтааст, ки тарҳи Русия мӯҳлати истиқрори пойгоҳи ин кишварро дар хоки Тоҷикистон "ба мӯҳлати 49 сол ройгон" дар назар мегирад.

Вале маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳороти генерали русро «беасос» унвон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод, мавқеи Тоҷикистон "ҳамон аст, ки дирӯз дар сӯҳбати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон садо дод".

Рӯзи 16 июл Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ таъкид кард, ки музокироти миёни Душанбеву Маскав бар сари пойгоҳ ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст ва дар пушти дарҳои баста идома дорад. Вай аз ҷумла иттилоъпарокании мақомоти русро роҷеъ ба ҷараёни музокираҳо интиқод кард ва гуфт, "Сари масоили муҳими ҳамкории низомӣ бояд гуфтугӯҳо сари мизи музокирот ва пушти дарҳои баста анҷом шавад. Ба ин далел Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ҳамкории стратегӣ ва равобити деринаи дӯстона, бо ФР муколамаи маъмулиро идома дода истодааст».

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди ҷузъиёти музокирот, маблағ ва мӯҳлати иҷораи пойгоҳ худдорӣ кард ва гуфт, арзёбӣ ва шарҳи масоиле, ки баҳси сари он ҳанӯз анҷом нашудааст, "барои сиёсатмадор ва масъули давлатӣ ҷоиз нест".

Дар давоми се ҳафтаи ахир мақомоти баландпояи низомии Русия аз вазорати мудофеа сар карда, то муовини нахуствазири ин кишвар бо пахши изҳороте дар бораи ҷараёни мушкили музокираҳо бо Тоҷикистон бар сари пойгоҳ изҳори ташвиш кардаанд. Аз ҷумла, Русия мегӯяд, ки Душанбе шартҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст. Бино ба бархе хабарҳо, Тоҷикистон барои иҷораи пойгоҳ аз Русия на камтар аз 250 миллион доллар хоста, мӯҳлати иҷораи пойгоҳро дар ҳудуди 10 сол муқаррар карданист. Вале дар навбати худ Душанбе аз шарҳи тафсилоти ин гуфтугӯҳо худдорӣ карда мегӯяд, ки тамоми шартҳои пешгузоштаи Тоҷикистон мутобиқ бо "манфиатҳои миллии" ин кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG