Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиркин: Тоҷикистон тарҳи моро мепазирад


Владимир Чиркин
Владимир Чиркин
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди артиши Русия генерал Владимир Чиркинро радд мекунад. Генерали рус гуфт, Тоҷикистон тарҳи аз сӯи Маскав ироашудаи созишномаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро ба сурати умум мепазирад. Чиркин гуфт, ин тарҳ замони ҳузури пойгоҳи 201-умро 49 сол тамдид мекунад. Ҷузъиёти тарҳи Маскав ва инки оё Русия барои иҷораи пойгоҳаш, тавре Душанбе мехост, пуле пардохт хоҳад кард ё на, оварда нашудааст. Музокироти қарордоди нави пойгоҳ, ки замони ҳузураш дар соли 2014 ба поён мерасад, чанд сол ба ин сӯ мавзӯъи музокироти тӯлонӣ байни ду кишвар буд.
XS
SM
MD
LG