Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз, 17-уми июл олимпичиёни тоҷик дар майдони “Дӯстӣ”-и Душанбе ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ, ки аз 27-уми июл то 12-уми августи соли равон дар пойтахти Бритониёи Кабир – Лондон баргузор мешавад, беш аз 12 ҳазор варзишгари беш аз 200 кишвар ширкат хоҳанд кард. Онҳо барои 302 маҷмӯи медалҳо дар 31 риштаи варзиш рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд, ки дар 7 намуди варзиш ҳунарнамоӣ хоҳанд кард: чаҳор нафар аз риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чаҳор нафар аз намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова ва 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков.

Бояд гуфт, ки 6 нафари онҳо - Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев , Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Дилшод Назаров ва Катерина Измайлова дар Олимпиадаи пешин соли 2008-ум дар Пекин иштирок карда буданд.

Умуман, дар Олимпиадаи Пекин-2008 понздаҳ варзишгари Тоҷикистон дар 8 ришта – бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ иштирок доштанд. Ду нафарашон -Юсуф Абдусаломов оид ба гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра ва Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин дар байни 88 кишваре, ки соҳибони медалҳои олимпӣ шуданд, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар ҷойи 65-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 56-ум қарор гирифт.

Аввалин гурӯҳи варзишгарони тоҷик рӯзи 4-уми июл ба Лондон сафар карда буд. Ба ҳайати ин гурӯҳ се муштзан – Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, ки соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд, инчунин, мураббиёнашон Мирзо Шамсиев ва Алиҷон Бобоҷонов дохиланд. Дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳои тоҷик дар Лондон таҳти назорати коршиносони байналмилалӣ тамрин карда, ба мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мегиранд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “дирӯз, 16-уми июл, тирандоз Сергей Бабиков ва мураббиаш Олег Набиев озими Лондон шуданд. Субҳи чоршанбе, 18-уми июл ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 16 нафар тавассути ҳавопаймо ба Киев ва баъдан аз пойтахти Украина ба Лондон сафар мекунад. Ба ҳайати ин гурӯҳ, аз он ҷумла, варзишгарон Ҷаҳон Қурбонов, Парвиз Собиров, Владислава Овчаренко, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Катерина Измайлова дохиланд. Варзишгарони дигари мо - Расул Боқиев рӯзи 22-юми июл, Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев рӯзи 8-уми август ба Лондон сафар хоҳанд кард. Дилшод Назаров, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Чех мебошад, то оғози Олимпиада дар Лондон хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки ба ҳайати варзишӣ, инчунин, мураббиён, раҳбарони федератсияҳои варзишии миллӣ, кормандони масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва хабарнигорон шомиланд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ рӯзи 25-уми июл раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ ба Лондон сафар мекунад. Рӯзи 26-уми июл мулоқоти ӯ бо варзишгарони тоҷик дар деҳаи олимпӣ дар назар аст.




Маҳмуди Абдуллоҳ, инчунин, хабар дод, ки ба Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки рӯзи 27-уми июл доир хоҳад шуд, бардоштани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Баъди гузоштани гулчанбар ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ - асосгузори давлати тоҷикон, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ба хабарнигорон Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар дар бораи омодагиҳои варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ дар Лондон маълумот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, "мо аз ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки соҳиби роҳхатҳои олимпӣ шуданд, натиҷаҳои баландро умедворем ва мақсади мо нисбат ба Олимпиадаи Пекин, ки ду медал ба даст оварда будем, зиёд намудани теъдоди медалҳост."

Дар ин нишаст Ро Санг Мин, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, барои хизматҳояш дар рушди таэквондои олимпӣ бо сертификати ДАН-8 (камарбанди сиёҳ) сарфароз шудааст. Сертификат ба Маликшоҳ Неъматов супурда шуд. Ҷаноби Неъматов иброз дошт, ки он дар фурсати муносиб ба раисиҷумҳури кишвар супурда хоҳад шуд. Чунин сертификат ва камарбанди сиёҳ ҳамчунин, ба худи Маликшоҳ Неъматов, ки ҳамзамон раиси Федератсияи таэквондо-WTF-и Тоҷикистон мебошад, тақдим шуд. Бояд гуфт, ки барои аввалин бор ду таэквондочии тоҷик - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов дар Бозиҳои олимпии Лондон ширкат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG