Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду украинӣ барои қочоқи инсон дар Амрико маҳкум мешаванд


Як марди украинӣ дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуд ва бар иловаи он 20 соли дигар барои қочоқи инсон мӯҳлати зиндон гирифт. Додситони Филаделфия мегӯяд, Омелян Ботсвинюки 52 сола бо шеваҳои муосир амалиёти ғуломӣ анҷом додааст.

Вай ва бародараш сокинони фақири рустоҳои Украинаро барои тамизкорӣ дар хонаҳои сокинони Филаделфия ва машғул шудан бо тиҷорат меовардаанд, вале ба онҳо пули хеле кам медодаанд ё аслан пул намедодаанд. Ҳатто бо баъзе аз он хонумҳо бо корҳои ҷинсӣ машғул мешудаанд.

Имрӯз ҳукми бародараш Стефан Ботсвинюк низ барои қочоқи инсон ва авбошӣ эълон мешавад. Тибқи қонун вай барои ин кирдорҳояш бояд ба 20 соли ҳабс маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG