Пайвандҳои дастрасӣ

Русия тарҳи CASA-1000 -ро ба контроли худ медарорад?


Матбуоти Покистон хабар додааст, ки дар Исломобод дуввумин ҷаласаи гурӯҳи кории Покистону Русия баргузор шудааст. Дар он ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи бунёди хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро, ки CASA-1000 ном дорад, баррасӣ кардаанд.

Баъд аз машварати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи бунёди ин хати интиқоли нируи барқ, Русия изҳори омодагӣ кард, ки мехоҳад сармоягузорӣ дар сохтмони CASA-1000-ро бар ӯҳда бигирад.

Дар ҷаласаи Исломобод имкони пайвастани Русия ба ин тарҳ баррасӣ шуд. Дар сурати сармоягузорӣ имкон дорад Русия ин хати интиқоли барқро зери назорати худ дарорад.
XS
SM
MD
LG