Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ва Узбакистон хуруҷи нируҳоро баррасӣ карданд


Жан Ивес Ле Дриан-вазири дифои Фаронса рӯзи душанбе барои машварат бо мақомоти расмии Узбакистон, аз ҷумла бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳур мулоқот анҷом дод. Ле Дриан хуруҷи қарибулвуқуи нируҳои кишвараш аз Афғонистонро баррасӣ кард.

Нируҳои НАТО ба нақша гирифтаанд, ки воҳидҳои низомӣ ва таҷҳизоти низомии худро ба Аврупо ва Амрико ҳангоми хуруҷ аз роҳи Узбакистон интиқол диҳанд. Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури пешини Фаронса аз масири Узбакистон изҳори нигаронӣ карда буд ва гуфта буд, ки Узбакистон барои тронзит нархи хеле баланд мехоҳад.

Ле Дриан ва Каримов ҳамчунин вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистонро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG