Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Кофӣ Аннон дар Маскав бо В. Путин мулоқот мекунад


Сергей Лавров ва Кофӣ Аннон дар Маскав

Сергей Лавров ва Кофӣ Аннон дар Маскав

Қарор аст имрӯз Кофӣ Аннон-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурия дар Маскав бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ кунад. Дар боздид аз Маскав Аннон талош хоҳад кард, ҷонибдории Русияро барои тадбирҳои ҷиддӣ бар зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ба даст орад.

Дирӯз Кофӣ Аннон дар Маскав бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мулоқот кард. Лавров гуфт, агар кишварҳои ғарбӣ аз “таҳдид” кардани Сурия бо таҳримҳо даст накашанд, Маскав аз тамдиди мӯҳлати фаъолияти нозирони СММ дар Сурия ҷонибдорӣ нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар, Шӯрои низомии Артиши озоди Сурия рӯзи душанбе гуфт, ки нируҳои онҳо маҳаллоти атрофи шаҳри Димишқ-пойтахти Сурияро зери назорати худ даровардаанд. Аҳмад Хитоб-сухангӯи ин артиш изҳор дошт, ки ноҳияҳои Мидону Тадамон аз контроли нируҳои давлатӣ хориҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG