Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти ғазаболуди Гурҷистон бар зидди Русия


Вазорати корҳои хориҷаи Гурҷистон эъломияе нашр карда ва гуфтааст, ки Русия босуръат ба “низомӣ кардан”-и ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ машғул аст.

Дар эъломия омадааст, ки ахиран генерал Владимир Чиркин-фармондеҳи нируҳои пиёданизоми Русия аз ин ду ҷумҳурӣ бодид кардааст ва ба нақша гирифтааст, ки дар моҳи сентябр дар он ҷо машқҳои низомӣ баргузор кунад ва амнияту субот дар Гурҷистонро зери хатар барад.

Дар гузориш омадааст, “Русия чизе барои пешниҳод кардан ба ин ду ҷумҳурӣ надорад, ба ҷуз аз ҷиноят, шеваи мафиёии раҳбарӣ ва низомигарӣ. Генерал Чиркин дар Маскав гуфтааст, ки дигар имкони такрори ҳодисаҳои соли 2008 дар ин ду ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG