Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Амрико Эронро аз иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ бозмедорад


Ҳилларӣ Клинтон ва Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил
Ҳилларӣ Клинтон ва Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш “аз ҳамаи унсурҳои қудрати худ истифода хоҳад кард, то Эрон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ нашавад”.

Хонум Клинтон баъд аз музокироташ бо мақомоти баландпояи Исроил дар Байтулмуқаддас гуфт, ҳар кас ба роҳи ҳали дипломатӣ бартарӣ медиҳад ва Амрикову Исроил низ нисбат ба Эрон чунин мавзеъгирӣ доранд. Хонум Клинтон гуфт, пешниҳодҳои Эрон дар музокироти кишварҳои 5 бар иловаи як пешниҳодҳои бенатиҷаанд.

Ҳилларӣ Клинтон баъд аз моҳи сентябри соли 2010 аз Исроил боздид накарда буд. Коршиносон мегӯянд, ин боздид бояд заминаи пешрафти музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластинро фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG