Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлати Сурия ба сӯи Димишқ пешравӣ кардаанд


Шӯрои низомии Артиши озоди Сурия рӯзи душанбе гуфт, ки нируҳои онҳо маҳаллоти атрофи шаҳри Димишқ-пойтахти Сурияро зери назорати худ даровардаанд. Аҳмад Хитоб-сухангӯи ин артиш изҳор дошт, ки ноҳияҳои Мидону Тадамон аз контроли нируҳои давлатӣ хориҷ шудаанд.

Ин хабарро сарчашмаҳои мустақил таъйид накардаанд, вале гузоришҳое мерасанд дар ин бора, ки мухолифон ба сӯи тонкҳои нируҳои давлатӣ дар маҳаллоти аҳолинишини Димишқ тирандозӣ мекунанд.

Роҳ ба сӯи фурудгоҳ баста шудааст, зеро нируҳои давлатӣ хостаанд маҳали истиқрори нируҳои мухолифонро муҳосира кунанд.
XS
SM
MD
LG