Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марокаш сафири Сурияро аз кишвар берун кард


Ҳукумати Марокаш сафири Сурияро аз кишвар хориҷ кард ва ба зарурати ислоҳоти демократӣ дар Сурия таъкид намуд. Дар посух ба ин Димишқ ҳам дар бораи ихроҷи сафири Марокаш тасмим гирифт.

Ҳафтаи гузашта сафири Сурия дар Ироқ дар бораи ихтиёрӣ тарк намудани мақоми худ изҳорот нашр кард. Аз ин пеш як фармондеҳи аршад аз атрофиёни Башор Асад ҳам ба сафи мухолифини ҳукумати Димишқ пайваст.

Сиёсатмадорони ғарбӣ мегӯянд, ки ин ба истилоҳ фирори дипломатҳову низомиёни воломақом баёнгари заъиф шудани қудрати Башор Асад аст.

Дар ҳамин ҳол талошҳои пайдо кардани роҳҳоали бӯҳрони Сурия идома дорад. Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, имрӯз вориди Маскав шуд, то ки роҳҳои бурунрафт аз ин бӯҳронро бо раҳбарони Русия баррасӣ кунад. Ӯ имрӯз атрофи қазияи Сурия бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтугӯ дошт.

Дар Димишқ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Артиши Озоди Сурия даргириҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба иттилои шоҳидон, шадидтарин аз оғози низоъ дар баҳори соли гузашта буданд. Дар қисмати ҷанубии пойтахти Сурия тирандозӣ, аз ҷумла, аз миномётҳо, сурат гирифт. Нерӯҳои мусаллаҳ шоҳроҳеро, ки сӯи фурудгоҳи Димишқ мебарад, бастаанд.
XS
SM
MD
LG