Пайвандҳои дастрасӣ

Геополитика Тоҷикистонро дар назари Ғарб "ширинтар" кардааст


Ҳайати вакилони Иттиҳоди Аврупо бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва донишмандон дар Душанбе мулоқот намуданд.

Вазъи геополитикии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва ҳамҷавории он бо кишварҳое мисли Афғонистон, Покистон ва Эрон яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯи ҳайати вакилони парлумони Аврупо ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон будааст.

Раҳбари ҳайат, Струан Стивенсон дар ин бора ба хабарнигорон чунин гуфт, «дар шароити феълӣ ва дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 Тоҷикистон барои Аврупо аҳамияти бузурги стратегӣ касб кардааст».

Пеш аз дидор бор раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳайати вакилони парлумони Аврупо дар Фарҳангистони улуми кишвар бо донишмандони тоҷик мулоқот ва бори дигар аз тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дастгирӣ кард.

Ҷаноби Стивенсон ҳама гуна нигарониҳои ҷониби Узбакистонро дар мавриди паёмадҳои номатлуби зилзилаҳои эҳтимолӣ дар минтақаи «Роғун» бепоя хонд ва гуфт, сарбанди Роғун шабеҳи сарбанди Норак аст, ки 40 сол пеш бунёд шудааст. То имрӯз сарбанди Норак бо кӯли 70-километрӣ ва миқдори зиёди об ба тамоми заминларзаҳо тоб оварда, ба таври муназзам нерӯи барқ тавлид мекунад.
Роғун солона иқтидори тавлиди 3600 мегават нерӯи барқро хоҳад дошт, ки метавонад барои ҳалли мушкилиҳои зиёди Тоҷикистон ва ҳамсоя-кишварҳояш ёрӣ расонад.

Ӯ аз ҷумла афзуд, «Тоҷикистон бо истифода аз захоири бузурги обҳояш дар наздиктарин фурсат метавонад, мушкили камбуди барқро дар кишвараш аз байн бурда ва ҳам ба давлатҳои дигар нерӯи барқро содир намояд. Сохтмони хатти интиқоли барқи 500 КВ ки Тоҷикистонро бо Афғонистон хоҳад пайваст, дар ҳоли оғозшавист. Ҳоли ҳозир дар ҳавзаи баҳри Арал беш аз 60 обанбор мавҷуд аст, ки 50 тояш ба Узбакистон рост меояд. Аксарияти ин обанборҳо дар 20 соли ахир бунёд шудаанд. Мутаассифона, аксаран ин обанборҳо бо хок бастабандӣ шудаанд, ки боиси талафёбии об мешавад. Ва ман умедворам, ки мушкилоти об, ки дар кишварҳои минтақа мавҷуд аст, бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро пайдо мекунанд ва ҳатто боиси густариши ҳамкориҳои ҳамсоякишварҳо низ мегардад.»


Дар дидор бо аъзои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳайати вакилони парлумони Аврупо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро матраҳ намуд. Дар ин сӯҳбат низ ҷаноби Стивенсон гуфт, ки дар оянда ҳам барои ташаккули афкори мусбати ҷомеаи Аврупо роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои мухталиф, бахусус марбут ба гидроэнергетика саҳмгузор хоҳад буд.

Сафари ҳайати 4-нафарии вакилони порлумони Аврупо ба Тоҷикистон бо даъвати сафорати ин кишвар дар Брюсел сурат гирифтааст. Ва Струан Стивенсон аз пуштибонҳои асосии сохтмони Роғун дар парлумони Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. Ӯ чандин бор аз Тоҷикистон дидан карда, бо пуштибонӣ аз бунёди Роғун чандин мақолаву гузоришҳо низ таҳия кардааст.

Аммо бояд гуфт, дар ин се моҳи ахир сафари намояндагони Амрикову Аврупо ба Тоҷикистон зиёд шудааст. Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, афзудани таваҷҷӯҳи ин кишварҳо ба Тоҷикистон чанд сабаб дорад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар ин замина мегӯяд, «асосан ду омил вуҷуд дорад. Ин наздикшаваии соли 2014 ки дар ин сол нерӯҳои НАТО ва Амрико Афғонистонро тарк мекунанд. Ва ин марҳилаи хеле ҳасос аст ҳам барои НАТО ва ҳам ба кишварҳои Осиёи Миёнаву Русия аз ҷумла барои Тоҷикистону Афғонистон. Бинобар ин ҳамаи кишварҳои машғули ин масъала ҳамаи ҷанбаҳои ин масъаларо таҳлил мекунанд ва омодагӣ мегиранд. Сабаби дуюм ин тезутундашвии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ бахусус дар Иттиҳоди Аврупост, ки имконияти душворшавии вазъи иқтисодии кишварҳои собиқ Шӯравиро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз ҳама кишварҳои даргири ин масъала, сафарҳои зиёдро ба минтақа анҷом медиҳанд.»

Ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов, сафари намояндагони баландмақоми Амрикову Аврупо ба Тоҷикистон метавонад манфиатбахш бошад зеро, дар ин маврид аксаран ба ниёзҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мешавад ва имконияти ҷалби сармоягузоронро аз ҳисоби кишварҳои донор бештар мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG