Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои духтарони душвортарбия дар кишвар як мактаби махсус таъсис дода шавад.

Афзоиши теъдоди духтарони саркаш ва аҷзи падару модарон дар тарбияи онҳо ва ҳам зарурати таъсиси чунин мактабро моҳе пеш мудири мактаби махсуси Душанбе Намоз Бобоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ матраҳ карда буд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди ташкили мактаби махсуси духтарона бар асоси "муроҷиати шаҳрвандон, матолиби расонаҳо ва оморе", ки ба даст омадааст, таҳия шуда, ба ҳукумат пешниҳод гашт: «Дар гузашта як мактаб барои писарони душвортарбия вуҷуд дошт, аммо ҳамчунин марказ барои духтарон мавҷуд набуд. Дар ин мактаб ба ин қабил духтарон касбу ҳунар ва илму дониш омӯхта мешавад».

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, тайи солҳои ахир афзоиши теъдоди духтарони душвортарбия ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла наздик ба 70 дарсади афроди гумшуда дар кишварро духтарони болиғу ноболиғ ташкил мекунанд. Дар даҳ рӯзи охир ба ниҳодҳои вазорат дар навоҳӣ 24 нафар дар бораи гум шудани пайвандашон муроҷиат кардаанд, ки аз ин 20 нафар духтаранд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, кормандони ин ниҳод ҳангоми гузаронидани тадобири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ин духтаронро дар шаҳрҳо машғули кор дар тарабхонаҳо, танфурӯшӣ ё корҳои дигар пайдо мекунанд ва ба волидайнашон месупоранд, аммо онҳо боз дигарбора ба даст меафтанд.

Намоз Бобоев, мудири мактаби махсуси ҷумҳуриявии ноболиғони душвортарбия, аз талоши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон истиқбол кард, аммо гуфт, чунин мактаб вижагиҳое хоҳад дошт, ки бояд ба назар гирифта шавад:

«Кор бо духтарон назар ба кор бо писарон душвортар аст. Бачаҳо зуд мефаҳманд, аммо духтарон на, балки нодуруст мефаҳманд. Ҳатто ба нафъи ӯ коре кунӣ, ҳарфе занӣ, дигар гуна мефаҳмад. Дар ин система бояд буд ва фаҳмид. Масалан, пеш аз ҳама дар мактаб-интернатҳо духтарону писаронро бояд аз ҳам ҷудо кард. Ҳоло ин насл тамоман дигар шудааст. Аз наслҳои пешин фарқ мекунад. Якҷоя будани онҳо хеле мушкилофар мешавад».

Аввалин мактаби махсус барои писарони душвортарбия дар Тоҷикистон соли 1966 дар шаҳри Душанбе ташкил ёфт, қабл аз ин ноболиғонро ба макотиби махсуси Русияву Қазоқистон ва Ӯзбакистон мебурданд. Аммо мактаби махсус барои духтарони душвортарбия то ба ҳол дар Тоҷикистон таҷриба нашудааст.

Фаридуни Раҳнавард, коршиноси ҷавон мегӯяд, танҳо роҳандозии мактаби махсус илоҷи воқеа буда наметавонад, балки сабабҳои ба ҳолати душвор афтодани духтарҳову раҳгумзада шудани онҳоро аз миён бояд бурд: «Чораандешӣ мебояд. Мо ба ҷавонон киро намуна меорем? Киро ба ҳайси идеал пешкаш мекунем? Падару модар, муаллим, хешу ақрабо, ҳамсояҳоеро, ки одамони хондаву соҳиби маълумоти олиянд, аммо қашшоқанд? Ё онҳое, ки касбу корашон маълум несту мошини навтарини сиёҳшиша дорад? Духтарон пеш аз ҳама ба ғамхории падару модари ҳоло дар муҳоҷираташон дар Русия эҳтиёҷ доранд. Ба мактаби хуб, зиндагии шоиста ва ҷои кор дар Тоҷикистон».

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки Тоҷикистон дар шароити кунунӣ иқтидори молии роҳандозии мактаби духтарони душвортарбияро дорад, аммо ин ҳам ба ҷумлаи «анҷом дода, супоридашудаҳо» ворид хоҳад шуд, агар мутахассисин ва омӯзгорони ҳирфаӣ ба ин мактаб ҷалб нашаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG