Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрд дар Банну чаҳор ҷангҷӯ кушта шуданд


Чаҳор ҷангҷӯи дар ҳамла ба ситоди хадамоти кашфи низомӣ дар шаҳри Баннуи вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон ширкаткарда кушта шудаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Таҳрики толибон” бар дӯш гирифт. Ба гуфтаи Амин Хон, як масъули полиси шаҳр, ду тан аз ҳамлагарони маргталаб бурқа дар тан вориди бино шуданд ва камарбандҳои шаҳидро рабуда онҳоро инфиҷор карданд.

Гуфта мешавад, ки баъди тирпарронии тулонӣ ҳамлагари панҷум боздошт шудааст.

Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳамлагарон чанд нафарро гаравгон гирифтаанд, аммо дар бораи сарнавишти онҳо иттилое нест.

Моҳи апрел толибон дар ҳамлае ба зиндони шаҳри Банну тақрибан 400 маҳбуси барои терроризм маҳкумшударо раҳо карда буданд.
XS
SM
MD
LG