Пайвандҳои дастрасӣ

"Таъсиси дидбони интернетӣ ба обрӯи Тоҷикистон латма мезанад"


Намояндагони матбуот дар робита бо таъсиси гурӯҳи назоратии сомонаҳо эътироз карданд.

Намояндагони ВАО ва созмонҳои масоили интернетӣ дар робита ба таъсиси гурӯҳи махсуси бозрасии сомонаҳо аз тарафи Хадамоти алоқа ба президенти Тоҷикистон, парлумони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардаанд.

Парвина Ибодӣ, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет рӯзи душанбе ба «Озодӣ» гуфт, ки як қатор намояндагони васоити ахбор ва ходимони созмонҳои масоили интернетӣ пас аз огаҳӣ аз таъсиси чунин гурӯҳи мониторингии сомонаҳо дар Хадамоти алоқаи кишвар, рӯзи13 июл зимни як нишаст аз ин амали мақомоти давлатӣ норозигӣ карданд.

Парвина Ибодӣ

Парвина Ибодӣ

Вай афзуд, ин муроҷиатнома ҳосили ҳамин нишаст аст, ки намояндагони созмонҳои интернетӣ ва журналистҳо зарур шумориданд, ки ба унвони Хадамоти алоқа ин санадро интишор диҳанд.

Дар ин муроҷиатнома таъкид шудааст, ки ин амал пеш аз ҳама арзишҳо ва усули Қонуни асосии кишварро дар мавриди озодии баён ва набуди сензура дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.

Дар он афзуда шудааст, ки ахиран бо иқдоми президенти Эмомалӣ Раҳмон бандҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» аз Кодекси ҷиноии кишвар бардошта шуд, ки эътибори кишварро боло бурд, аммо ин амали Хадамоти алоқа натанҳо арзиши озодии баён дар Тоҷикистонро поин мебарад, балки ба обрӯи ҷаҳонии кишвар низ сахт латма мезанад.

Дар ин муроҷиатнома омадааст, ки таҷрибаи солҳои гузашта дар амри масдуд кардани фазои интернетӣ барои мақомот натиҷаи дилхоҳ нахоҳд дод ва баръакс, норозигии ҷомеаро ба бор меорад.

Дар поёни ин муроҷиатнома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумат ва порлумони кишвар даъват шудааст, ки ба ин гуна «иқдом» таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва ба эҷоди чунин роҳҳо барои назорат ва ҷорӣ кардани сензура дар фазои интернетии Тоҷикистон роҳ дода нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG