Пайвандҳои дастрасӣ

Басеску эътилофи ҳукмронро дар тавтеъа айбдор кард


Траян Басеску

Траян Басеску

Раисиҷумҳури Руминия Траян Басеску, ки ваколаташ аз сӯи парлумон мутаваққиф шудааст, худро қурбонии тавтеаи мухолифини сиёсии фасодзадаш мехонад. Дар мусоҳиба бо телевизиони Руминия ӯ гуфт, ҳизби ҳукмрони Сотсиал-либералӣ вазъи бӯронии феълиро ба он хотир эҷод намуд, ки аз иттиҳомоти баъзе аз аъзои Эътилофи ҳоким дар фасод ҷилавгирӣ кунад.

Рӯзи 29 июл дар Руминия раъйпурсие доир мешавад, ки дар он мавзӯъи дар мақоми раисиҷумҳур боқӣ мондан ё намондани Траян Басеску ҳал хоҳад шуд.

Басеску рӯзи душанбе дар ҷамъи ҷонибдоронаш гуфт, ки "ман на барои курсӣ, балки барои кишвар мубориза мебарам. Ман муборизаро на барои манфиатҳои ягон гурӯҳ, балки барои арзишҳои аврупоӣ идома медиҳам".

Мухолифини раисиҷумҳур, аз ҷумла, нахуствазир Виктор Понта, Басескуро дар он айбдор мекунанд, ки ҳангоми баъзе тасмимгириҳои сиёсӣ берун аз ваколаташ пой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG