Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири дифои Фаронса ба Тоҷикистон дар назар аст


Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифои Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, 18 июли соли ҷорӣ сафари вазири дифоъи Фаронса Жан-Ив- Ле Дриан ба Тоҷикистон дар назар аст.

Дар ҷараёни сафар Жан-Ив- Ле Дриан бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Фариддун Маҳмадалиев гуфт дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ гуфтугӯ хоҳанд кард.
«Аммо пагоҳ рӯзи 17 июл дақиқ мешавад, ки вазири дифоъи Фаронса ба Тоҷикистон меояд ё не. Зеро мешавад ҳолатҳое, ки як рӯз пеш аз сафар онро ба дигар рӯз мегузаронанд», афзуд Ф. Маҳмадалиев.

Имрӯз сафари Жан-Ив Ле Дриан ба Узбакистон низ дар назар гирифта шудааст.

Аммо Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ҳадаф аз сафари ин ҳайати фаронсавиро ошкор накардааст.

Гуфтанист дар авоили ҳамин моҳ нашрияи L'Orient-Le Jour хабар дода буд, ки Фаронса барои тавассути Узбакистон баровардани артиши муштараки НАТО аз Афғонистон ба Ислом Каримов муроҷиат карда буд. Вале он замон Узбакистон аз Фаронса барои убури сарбозони НАТО аз қаламрави кишвар маблағи зиёд хостааст.
XS
SM
MD
LG