Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати ИМА минбаъд ба кӯдакони соҳиби шиносномаи хориҷӣ виза медиҳад


Сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико эълон медорад, ки барои шиносномаҳои афроде ки дар он акси кӯдаконашон ҷой дорад, виза нахоҳад дод.

Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо пахши иттилоия маълум мекунад, ки шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2012 ҳангоми аризадиҳӣ барои раводиди ИМА кӯдакони синну соли муъхталиф бояд дорои шиносномаи хориҷии боэътибор бошанд, ки аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумхурии Тоҷикистон дода мешавад.

Сафорати Амрико ба диққати шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, аз таърихи зикр шуда Сафорати ИМА аризаҳои марбути кӯдаконеро, ки дар шиносномаҳои волидайн қайд шудаанд, мавриди баррасӣ қарор намедиҳад. Ҳар як аризадиҳанда бояд шиносномаи шахсии худро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG