Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамла ба Банну ду маргталаби бурқапӯш ширкат доштанд


Амин Хон, як масъули идораи полиси шаҳри Банну, воқеъ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон, ба бахши покистонии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар задухӯрд миёни ҷангҷӯён ва полису нерӯҳои амниятии маҳаллӣ як корманди хадамоти амниятӣ кушта ва ду полис маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин ду маргталаб ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Амин Хон, онҳо аз даромадгоҳи асосӣ вориди бино шуданд ва дар тан бурқа доштанд.

Субҳи имрӯз гурӯҳои ҷангҷӯён ба ситоди маҳаллии хадамоти кашфи низомӣ дар Банну ҳамла карданд. Даргирӣ миёни онҳо ва полису нерӯҳои амниятӣ чанд соат боз идома дорад. Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳамлагарон чанд нафарро гаравгон гирифтаанд, вале дар бораи сарнавишти онҳо иттилое нест.

Моҳи апрел толибон дар ҳамлае ба зиндони ҳамин шаҳр тақрибан 400 маҳбуси барои терроризм маҳкумшударо раҳо карда буданд.
XS
SM
MD
LG