Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳизб-ут-таҳрир" бо нашри се нома дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук", пас аз хомӯшии чандмоҳа аз худ дарак дод.

Номаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва яке ба русӣ иншо шуда, далолат ба он мекунад, ки бо вуҷуди таъқибу фишор ва боздошту муҷозоти аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» аз ҷониби давлат, фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳанӯз қатъ нашудааст.

Бинобар ин навишта, дар ин муддат беш аз 400 аъзои ин созмон зиндонҳоро паси сар гузошта, наздики 300 нафар дар ҳоли ҳозир маҳбусанд ва аз онҳо беш аз 50 тан бори дуюм бо гуноҳи мансубият ба ин созмон пушти милаҳои зиндон рафтаанд.

Номаҳо рӯзҳои 12 ва 13-уми июл дар маҳфили «Мушоира» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз телефони ҳамроҳ аз номи Саиди Саидзод ном шахсе, ки худро сокини Душанбе муаррифӣ мекунад, ба нашр расидааст. Муаллиф дар бораи худ маълумоти бештаре ироа накардааст.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, чун дар ҷомеаи Тоҷикистон фишор болои «Ҳизб-ут-таҳрир» сол то сол шиддат мегирад, майдони тарғиботии ақидаву барномаҳои онҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ кӯчид.

Абдувосит Салимзода, коршинос дар умури мазҳабӣ мегӯяд: «Ақидаву барномаҳои динии «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро сокинони Тоҷикистон напазируфтанд, чунки онҳо мухолиф ба ақидаву ормонҳои миллии тоҷикон мебошанд».

Соли гузашта «Ҳизб-ут-таҳрир» бо истифода аз шабакаи ҷаҳонӣ маҷаллаи худ таҳти унвони «Субҳи хилофат»-ро паҳн карда буд. Вале он замон ин созмони пинҳонкор адресҳои электронии сокинонро мавриди ҳамлаҳои иттилоотии худ қарор дода, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нагашта буд.

Ин навбат «Ҳизб-ут-таҳрир» дар ҳоле дар саҳифаи Фейсбук пайдо шуд, ки дар Тоҷикистон гурӯҳи дидбони Интернет ба манзури ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва танқидҳои ноҷо алайҳи шахсони мансабдор ва маъруф дар саҳифаи торнамоҳо таъсис ёфт. Мутахассисон ва таҳлилгарони тоҷик ин иқдомро баҳонае ба хотири зери сензура гирифтани матолиби шабакаи ҷаҳонӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон унвон карданд.

Ҳамчунин, ахиран гурӯҳе аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъоли Суғдӣ, ҳудуди 70 нафар бо як номаи кушод унвонии раҳбари вилояти Суғд аз вай дархост карданд барои ҷавонон фазои беҳтару озодтар ҷиҳати фаъолияти иҷтимоиро фароҳам кунад. Ба ақидаи муаллифони нома, фазои маҳдуди зиндагӣ, кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ, дастнорасӣ ба иттилооти дурусту саривақтӣ ба гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ боис шуда, таҳти ин омилҳо теъдоди қобили мулоҳизаи ҷавонон таҳти таъсири унсурҳои тундрав ва ҷиноии ҷомеа қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар 6 моҳи сипарӣ 140 ҷавони суғдӣ бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳҳои мамнӯъи диниву мазҳабӣ ва ҷиноӣ дастгир ва муҷозот шудаанд.

Вале нашри номаҳои «Ҳизб–ут-таҳрир» дар Фейсбук чӣ аксуламале аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба дасти гурӯҳи дидбони интернетӣ ба думбол дошта метавонад ?

Аз нигоҳи Парвина Ибодова, раҳбари иттиҳодияи дастраскунандаҳои интернет дар Тоҷикистон, мақомоти тоҷик тибқи қонун ин ҳақро доранд, ки аз нашру тарғиби барномаҳои як созмон, мисли «Ҳизб–ут–таҳрир», ки фаъолияти он бо қарори Додгоҳи Олӣ ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон шудааст, пешгирӣ кунанд. Аммо бо чӣ роҳ?

Ба тариқи маҳдуд кардани дастрасӣ ба торнамоҳое, ки он матолиби ба мақомот нохушояндро ба нашр додааст, ё кадом роҳи дигар? Хонум Ибодова афзуд: «Вале Фейсбук сарҳад надорад ва онро касе ҳам контрол карда наметавонад. Ғайр аз ин маълум нест, ки он номаҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», ки ман нахондаам, ба ин саҳифаи иҷтимоӣ аз Тоҷикистон гузошта шудааст ё хориҷи кишвар».

Дар ҳолати дуюм, афзуд хонум – Ибодова, танҳо ин мемонад, ки мақомоти тоҷик бо дархости берун кардани матолиби «Ҳизб–ут–таҳрир» ба масъулони Фейсбук муроҷиат кунанд ва мисолҳо бозгӯи он аст, ки дар аксари мавридҳо онҳо чунин дархостҳоро пазируфтаанд.

Аммо ба назари хонум Ибодова, нашри матолиби созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ «Ҳизб–ут-таҳрир» ин баҳонаро ҳам ба дасти гурӯҳи навтаъсиси Дидбони интернет хоҳад гузошт, ки ба дастраскунандаҳои интеренет бастани шабакаи Фейсбукро дастур диҳанд. Ҳамин тавр хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде қабл дастрасӣ ба Фейсбук, Азиа Плюс ва чанде саҳифаҳои дигарро барои замоне маҳдуд карда буд.

Оё имкони техникии берун кардани чунин маводҳоро доранд ?

Дар солҳои ахир муборизаи ақидавӣ алайҳи пайравони Ҳизб-ут-таҳрир аз сӯи намояндагони дин ва ҷустуҷӯву боздошти аъзои он аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёфта, даҳҳо нафар пайравони ин ҳаракат ба гуноҳи паҳн кардани шабномаву адабиёти ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, дастгир ва зиндонӣ шуданд.

Абдувосит Салимзода мегӯяд, эҳтимол ба хотири амнияти аъзои худ "Ҳизб-ут-таҳрир" тарғиботи худро ба интернет кӯчонидааст, аммо ба гумон аст таваҷҷӯҳи зиёди сокинонро ҷалб кунад. Мақсаде, ки дар тӯли тақрибан 15 соли фаъолияти худ дар Тоҷикистон натавонист даст ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG