Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми амрикоӣ ба Душанбе меояд


Як мақоми баланпояи Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзҳои 17 ва 18 июл аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе 16 июл ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дод, ки сафари намояндаи Шӯрои амнияти милии Амрико Элис Веллс аз Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад намуд.Тибқи барномаи сафар, намояндаи Шӯрои амнияти Амрико бо вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ва бо намояндгони баъзе аз мақомоти қудратии кишвар мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG