Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Димишқ задухӯрдҳои шадид ба вуқӯъ пайвастанд


Дар Димишқ имрӯз даргириҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки ба гуфтаи шоҳидон, шадидтарин аз оғози низоъ дар баҳори соли гузашта буданд. Дар бисёр маҳаллаҳои пойтахти Сурия тирандозӣ, аз ҷумла, аз миномётҳо, сурат гирифт. Дар бораи талафоти ҷонибҳои даргирӣ иттилоъ дода нашудааст.

Задухӯрдҳои шадид дар дар қисмати ҷанубии Димишқ идома дорад. Нерӯҳои мусаллаҳ шоҳроҳеро, ки сӯи фурудгоҳи Димишқ мебарад, бастаанд.

Дирӯз Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх изҳор намуд, ки низои Сурияро чун ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ мекунад.

Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, имрӯз вориди Маскав мешавад, то ки роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Сурияро бо раҳбарони Русия баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG