Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои раиси Ситоди маркази артиши Кореяи Шимолӣ


Ри Ен Ҳо

Ри Ен Ҳо

Раиси Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ ва яке аз раҳбарони бонуфузи кишвар Ри Ен Ҳо аз мақомаш барканор шуд.

Ба навиштаи расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ, истеъфо бо вазъи сифати Ри Ен Ҳо бастагӣ дорад. Аммо дар бораи он ки сиёсатмадор ва низомии 70-сола ба чӣ беморӣ мубтало буд ва ӯро дар ин мақом кӣ иваз хоҳад кард, иттилоъ дода нашудааст. Ӯ аз дигар мақомҳо, аз ҷумла, узвият дар садорати ҳизби ҳукмрон ҳам барканор шудааст.

Ри Ен Ҳо аз соли 2009 яке аз фармондеҳони аршади артиш буд ва аз афроди наздик ба раҳбари феълӣ Ким Чен Ин маҳсуб мешавад. Бар пояи хабарҳо, маҳз Ри Ен Ҳо ба раҳбари ҷавони кишвар барои таҳти назорат гирифтани артиш баъд аз даргузашти падараш Ким Чен Ир дар моҳи декабри соли 2011 кӯмак карда буд.
XS
SM
MD
LG