Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нави ҷангҷӯён ба шаҳри Баннуи Покистон


Дар шаҳри Банну, воқеъ дар шимоли ғарби Покистон, гурӯҳи ҷангҷӯён ба ситоди маҳаллии хадамоти кашфи низомӣ ҳамла краданд. Бар пояи иттилои муқаддамотӣ, дар ин ҳодиса дасти кам як нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳамлагарон чанд тани дигарро гаравгон гирифтаанд.

Ба иттилои полис, атрофи бино муҳосира шудааст, тирпарронӣ то ҳол идома дорад.

Моҳи апрел толибон дар ҳамлае ба зиндони ҳамин шаҳр тақрибан 400 маҳбуси барои терроризм маҳкумшударо раҳо карда буданд.
XS
SM
MD
LG