Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон боз ду тобути дигар меоранд


Рӯзи якшанбе дар манотиқи назди Маскав, як муҳоҷири тоҷик кушта шуд ва яки дигар зери девор монд.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар қабулгоҳи беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и рақами 53-и Маскав фавтид. Ӯро ба ин беморхона бегоҳи рӯзи шанбе бо ҷароҳатҳои сахти ҷисмонӣ, ки дар натиҷаи сахт мавриди лату кӯб шудан гирифта буд оварданд, менависад хабаргузории «РИА Новости» аз қавли кормандони ҳифзи ҳуқуқи Маскав.

Полиси Маскав гуфтааст, ин шаҳрванди 47 солаи тоҷикро як сокини навоҳии назди Маскав бо ҷароҳатҳои зиёд ба беморхона овард, ки дар ҷисми ҷабрдида якчанд захми корд мавҷуд буд.
Сокине, ки ин марди тоҷикро ба беморхона овард гуфтааст, ки «шабона ин мард дари маро кӯфт ва гуфт, ӯро ду нафар шахси бегона лату кӯб кардаанд».

Ҳамчунин дирӯз дар пайи як ҳодисаи нохуш, ки бо сабаби кӯчиши хок ба вуқӯъ пайваст як муҳоҷири 21 солаи Тоҷикистонӣ ҳалок гардид.

Ин ҳодиса низ дар манотиқи назди Маскав ба вуқӯъ пайваст. Бо сабаби кӯчиши хок девори яке аз сохтмонҳои манзили хусусие, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо кор мекарданд, чаппа мешавад ва ин муҳоҷири ҷавон зери девор мемонад, менависад хабаргузории «Интерфакс».

Гуфта мешавад ҳарду қазияро полис мавриди таҳқиқ қарор додаст.

Тибқи иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар тӯли 11 моҳи соли гузашта, дар Русия 823 муҳоҷири тоҷик ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ин миён 86 нафари онҳоро куштаанд, 19 нафар худкушӣ кардаанд ва бақия бар асари бемориву садамаҳои гуногун ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG