Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидайнро ба дидори фарзандони сарбозашон мебаранд


Сарбозони тоҷик ҳини тамрини низомӣ.Акс аз бойгонӣ
Сарбозони тоҷик ҳини тамрини низомӣ.Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик дар як иқдоми нодир ва тибқи як барномаи вижа, дидорбинии волидайн бо фарзандони сарбозашонро рӯи даст гирифтанд.

Полковник Азиз Шарифов, муовини Кумиссарияти ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 16-уми июл ба «Озодӣ» гуфт, тибқи як барномаи махсус, ки бо иқдоми ҳукумати вилояти Суғд, Кумитаи падару модарон ва занон сурат гирифтааст, волидайни сарбозон аз тамоми навоҳиии шимоли кишвар ба Душанбе ва навоҳии дигари атрофи пойтахт оварда мешаванд то фарзандони худро бо чашмони худ бубинанд ва бо онҳо мулоқот кунанд.

Полковник Шарифов афзуд, ки ҳоло гурӯҳи 35 нафараи падару модарон аз шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Аштро ба қисми ҳарбии марзбонӣ воқеъ дар Шаҳритус бурда истодаанд.

Ба қавли оқои Шарифов, азбаски ахиран дар матбуот роҷеъ ба фирору латукӯб ва вазъи ногувори сарбозон хабарҳо пахш шудааст, волидон бештар дар изтироб афтоданд ва бо пешниҳоди Кумитаи падару модарон ва Кумитаи занони ҳукумати вилояти Суғд ба ҳар хонавода ҳудуди 700 сомонӣ барои хабаргирии фарзандонашон ҷудо шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ин гурӯҳи волидонро ба қисми ҳарбӣ воқеъ дар марз бо Афғонистон роҳнамоӣ мекард, гуфт, ки воқеан ин як иқдоми инсондӯстона мебошад, зеро вақте волидон аз аҳволи фарзандони худ огоҳ мешаванд, дигар ҷое барои ташвиши онҳо боқӣ намемонад.

Полковник Азиз Шарифов, муовини Кумиссарияти ҳарбии вилояти Суғд афзуд, онҳо пешниҳод кардаанд, ки ҳамин гуна барнома аз тарафи мақомоти вилояти Хатлон низ гирифта шавад, то падару модарони манотиқи ҷанубии Тоҷикистон низ битавонанад аз аҳволи фарзандони сарбози худ огоҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG