Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Субҳи имрӯз Ҳилларӣ Клинтон вориди Исроил шуд


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Субҳи рӯзи душанбе Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико вориди Исроил шуд, то бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва соири мақомоти баландпояи ин кишвар гуфтугӯ анҷом диҳад.

Интизор меравад, ки музокироти ба дарозо кашидаи сулҳи Исроилу Фаластин ва барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон дар садри масъалаҳои мавриди баҳси ҷонибҳо қарор бигирад.

Хонум Клинтон баъд аз боздиди дурӯза аз Миср вориди Исроил шуд. Вай дар Миср бо Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшуда мулоқот кард ва ҳимояти Амрико аз марҳилаи гузори демократӣ дар Мисрро ба вай расонд.

Клинтон бо Ҳусейн Тантавӣ-раҳбари низомиёни Миср низ мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG