Пайвандҳои дастрасӣ

Полша аз гирдбод ва туфони шадид осеб дидааст. Ин ҳодисаест, ки дар ин кишвари Аврупои марказӣ хеле кам рух медиҳад. Гирдбод дар шимол ва ҷануби кишвар мушоҳида шудааст. Дастикам як нафар кушта, тақрибан даҳ нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Интиқоли барқ ба баъзе маҳалҳо қатъ ва роҳҳои баста шудаанд. Роҳҳоро аз дархтҳои афтода пок мекунанд. Бештар аз 400 ҳектор ҷангал аз гирдбоде, ки доираи аз 800 то 1000 метрро дар бар мегирифт, осеб дидааст.
XS
SM
MD
LG