Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз талошҳои дипломатии зидди Башор Асад идома меёбад


Кофӣ Аннон

Кофӣ Аннон

Имрӯз талошҳои дипломатӣ барои моил кардани Русия ва Чин ба тадбирҳои зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия барои хунрезиҳояш дар ин кишвар идома меёбад.

Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия дар Маскав бо президент Владимир Путин ва Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад. Боздиди Аннон аз Маскав ду рӯз давом меёбад.

Аз сӯи дигар, дар Пекин бан Ки Мун-Дабири кулли СММ бо Ҳу Ҷинтао-раҳбари Чин ва соири шахсиятҳои боломақом мулоқот анҷом медиҳад. То рӯзи ҷумъа бояд нозирони СММ фаъолияти худро дар Сурия аз сар бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе режими Башор Асад-раҳбари Сурия инкор кард, ки дар ҳамлаи маргбор ба Тремсе аз тонкҳову чархболҳо истифода накардааст. Фаъолон ин ҳамларо “қатли ом” арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG