Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Клинтон аз низомиёни Миср


Ҳилларӣ Клинтон ва Ҳусейн Тантавӣ

Ҳилларӣ Клинтон ва Ҳусейн Тантавӣ

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо маршал Ҳусейн Тантавӣ-раҳбари низомиёни Миср мулоқот кард. Дар ин мулоқот сӯҳбат дар бораи таъмини амният дар марҳилаи гузори сисёсӣ дар миён буд.

Тантавӣ баъд аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср дар марҳали гузор раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дошт. Боздиди хонум Клинтон аз Миср рӯзи шанбе оғоз шуд. Вай рӯзи шанбе бо Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар мулоқот кард.

Хонум Клинтон аз низомиён хост, ки ба натиҷаҳои интихобот эҳтиром гузоранд ва “барои таъмини амнияти миллӣ содиқона хидмат кунанд”.
XS
SM
MD
LG