Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҳукумати Ироқ дар соҳаи хариду фурӯши нафт


Алӣ Даббоғ -сухангӯи ҳукумати Ироқ
Алӣ Даббоғ -сухангӯи ҳукумати Ироқ
Ироқ мегӯяд, содироти нафт аз Курдистони ин кишвар ба Туркия тавассути мошинҳои боркаш ғайриқонунист. Ҳукумати Ироқ ба Туркия ҳушдор додааст, ки чунин доду гирифт бо минтақаи мухтори ироқӣ метавонад ба равобити Бағдоду Анкара таъсири манфӣ гузорад. Ба гуфти сухангӯи ҳукумати Ироқ Алии Даббоғ нафт сарвати тамоми мардуми Ироқ аст ва даромади онро бояд ҳукумати марказӣ ҷамъоварӣ кунад. Рӯзи ҷумъа Туркия изҳор намуд, ки рӯзмарра аз шимоли Ироқ аз 5 то 10 мошин боркашро бо нафти хом ворид мекунад ва имкон дорад, ки рӯзмарра то 100 ва ё 200 мошини боркашро бо нафти хом ворид кунад. Ҳукумати марказии Ироқ бо вилояти мухтори Курдистон рӯи содироти нафт баҳс дорад ва сиёсати энергетикии ҳукумат ба мавзӯи ҳассос табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG