Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили шаҳрванди Тоҷикистон бо кӯмаки афсари рус фирор кард


Дар Русия як афсари полисро барои озод намудани як озарбойҷонии муттаҳам дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуданд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург иброз доштааст, ки ниҳодҳои тафтишоти ин шаҳр афсари 24–сола Станислав Синитсинро бо айбномаи сӯиистифода аз ваколатҳо боздошт намудаанд, зеро ин масъули идораи умури дохилии ноҳияи Невский як шаҳрванди Озарбойҷонро, ки бо куштори шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешуд, озод кардааст.

Муфаттишон бар ин назаранд, ки дар марҳилаи аз 10-ум то 11-ум июл Синитсин дар шӯъбаи 32-уми полиси Санкт-Петербург аз чорчӯби ваколатҳояш берун баромада, бо баҳонаи гирифтани баёнот ба таври ғайриқонунӣ як шаҳрванди Озарбойҷонро аз ҳуҷраи боздоштгоҳ бароварда, имкон додааст, ки ӯ фирор кунад.

Ба қавли муфаттишон, Синитсин огаҳ буд, ки шаҳодати кофии даст доштани озарӣ дар куштори тоҷик мавҷуд аст ва ӯ бояд расман муттаҳам эълон шавад.
Кумитаи тафътишот мегӯяд, додгоҳ дар таърихи 13-уми июл боздошти Синитсинро тасвиб намуд ва рӯзҳои оянда айбномаи расмии ӯ эълон хоҳад шуд.

Сомонаи идораи умури дохилии Сакт-Петербург навиштааст, Синитсин эътироф кард, ки озарии шарик дар бархӯрди миёни тоҷикону озариҳоро аз боздоштгоҳ раҳо кардааст.

Рӯзи чоршанбе баъди як қувваозмоии футбол дар ҳавлии яке аз манзилҳои истиқоматии кӯчаи мудофиаи Обухови Санкт-Петербург, бархӯрд миёни ҷамоаи озариҳо ва тоҷикони ин маҳалла сар зад, ки билохира бо куштори ду шаҳрванди Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ раҳбари яке аз ҷамоаҳои тоҷикони Санкт-Петербург Аҳтамбек Маҳмадов гуфт, ки баъди бархӯрд полис бо ҳар ду ҷониб вохӯрда, озариҳои масъули кушторро боздошт намуд, вале бо сабабҳои номаълум, фарди муттаҳам раҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG