Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ногувор бар асари борону обхезӣ дар Япония


Бар асари борону обхезиҳо ва ярч робита бо беш аз 5000 сокини манотиқи ҷанубу ғарбии Япония ё худ Ҷопон қатъ шудааст. Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ чархболҳои низомӣ ба манотиқи кӯҳии қисмати шимолии ҷазираи Кюшу кумакҳои изтирорӣ интиқол медиҳанд. Кюшу бузургтарин ҷазира дар ҷануби Япония аст. Дар ин ҷо борону обхезиҳои рӯзҳои ахир ҳаёти 30 нафарро аз байн бурдааст. Чор рӯз инҷониб борон идома дорад ва мақомоти Япония ба тахминан 250 ҳазор сокини ин минтақа дастур додаанд, ки хонаҳояшонро тарк намуда, ба ҷойҳои бехатар кӯч банданд.
XS
SM
MD
LG