Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири афғон аз бомбгузорӣ ҷон ба саломат бурд


Убайдулло Убайд-вазири маълумоти олии Афғонистон

Убайдулло Убайд-вазири маълумоти олии Афғонистон

Вазири ҳукумати Афғонистон аз бомбгузорӣ дар шимоли ин кишвар ҷон ба саломат бурдааст. Рӯзи якшанбе корвони мошинҳо, ки дар он вазири маълумоти олии Афғонистон Убайдулло Убайд аз вилояти Бағлон ба Қундуз сафар дошт, бо таркиши бомбаи канори роҳ мувоҷеҳ гашт. Дар ин ҳамла ду афсари полис маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи шанбе як бомгузори маргталаб дар вилояти Самангон болои тӯи арӯсӣ ҳамла карда, вакили мардумӣ Аҳмадхони Самангонӣ, як идда афсарони баландпояи артишу полис ва мансабдорони ҳукуматиро ба ҳалокат расонда буд.
XS
SM
MD
LG