Пайвандҳои дастрасӣ

"Энергетик", "Хайр" ва ССКА дар 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012


Намое аз бозӣ миёни дастаҳои "Энергетик" ва "Равшан".

Намое аз бозӣ миёни дастаҳои "Энергетик" ва "Равшан".

Рӯзи 14-уми июл се бозии ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуд.

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд. Нахуст Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари “Энергетик”, дар дақиқаи 12-ум ҳисобро боз кард. Баъди ҳафт дақиқа Течӣ Соломон, легионери африқоии “Равшан”, ҳисобро баробар намуд. Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 78-ум голи дувуми меҳмононро ба самар расонд.

Бозии аввал дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи «Энергетик» анҷом ёфта буд. Бинобар ин барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин шуд. Абдусамад Ҳоҷибоев, бозигари “Энергетик” дар дақиқаи охирини вақти иловагӣ (120) аз масофаи тахминан 35 метр зарбаи ҷаримавӣ зад. Тӯбро Рустам Ризоев, дарвозабони “Равшан” баргардонида натавонист ва он вориди дарвоза шуд. Ин гол тақдири бозиро муайян кард ва душанбегиҳо ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозии дигари ҳаштякниҳоӣ, дастаи “Хайр»-и Ваҳдат бар тими мизбон - «Далерон»-и Истаравшан бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Бозии аввал миёни ин ду даста бо пирӯзии “Хайр” бо ҳисоби 1:0 поён ёфта буд ва ҳамин тавр ваҳдатиҳо ба чорякфинал баромаданд.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ССКА “Помир”-и Душанбе бидуни гол ба охир расид. Дар бозии аввал ССКА “Помир” дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуда буд. Бинобар ин ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоиро ба даст овард.

Ҳамин тариқ, дар даври чаҳорякниҳоӣ “Хайр” бо “Энергетик” ва ССКА “Помир” бо “Истиқлол” рақобат мекунанд.

Рақиби «Гвардия”- Душанбе дар чаҳорякфинал ин бегоҳ дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ миёни дастаҳои “Зарафшон”-и Панҷакент ва РТСУ-и Душанбе муайян хоҳад шуд. Инчунин дастаи «Ҳосилот”-и Фархор дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти «Истаравшан» (Истаравшан) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат хоҳад кард.

Натоиҷи бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ чунин аст:

«ДАЛЕРОН» (Истаравшан) - «ХАЙР» (Ваҳдат) -1:3
Варзишгоҳи “Родник”-и ноҳияи Спитамен.
Голҳо: Ҷалолов, 8 (1:0), Мирзобек Мирзоев, 68(1:1), Мирзобек Мирзоев 72 (1:2) Обидҷон Исмоилов, 89-аз пеналтӣ (1:3)
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 0:1

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб) - 2:2
Варзишгоҳи "Авиатор"-и шаҳри Душанбе.
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (1:0), Течӣ Соломон, 19 (1:1), Нӯъмонҷон Ҳакимов, 78 (1:2), Абдусамад Ҳоҷибоев, 120 (2:2).
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 2:1

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 0:0
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа.
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 1:2

15-уми июл, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - РТСУ (Душанбе).
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент.
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 3:1

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода).
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 1:4

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ бо мактуби расмӣ ба унвони ФФТ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашида буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ барои иштирок дар бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ ҳозир нашуданд. Бар асоси муқаррароти мусобиқот ҳарду даста бо натиҷаи техникӣ ё фаннӣ мағлуб дониста, раҳбарони бошгоҳҳои футболи “Хуҷанд” ба маблағи 5 000 сомонӣ ва “Кӯктош” ба маблағи 2500 сомонӣ муҷозот шуданд.

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, “Гвардия”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор бошанд, бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бо тасмими Федератсияи футболи кишвар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Ба дастаи ғолиб 30000 сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG