Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон ба Миср сафар мекунад


Ҳилларӣ Клинтон-котиби давлатии ИМА

Ҳилларӣ Клинтон-котиби давлатии ИМА

Имрӯз котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Қоҳира бо президенти тозаинтихоби Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот хоҳад кард. Тибқи пешбиниҳо Клинтон саъй хоҳад кард, ки аз Мурсӣ кафолати идомаи татбиқи созиши Миср ва Исроил аз соли 1979-умро ба даст орад. Бар илова Клинтон шароити тақдими кумакҳои ИМА ба Мисрро баҳс мекунад.
Дар арафаи сафари Клинтон ба Миср хабар интишор шуд, ки дар нимҷазираи Синои Миср силоҳбадастон ду сайёҳи амрикоиро ба гарав гирифта, талаб кардаанд, ки як наздики онҳо, ки ба хотири ҳамлу нақли маводи мухаддир ба муддати 25 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз зиндон раҳо шавад.
XS
SM
MD
LG