Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади писари 36-солаи Сталоне ёфт шудааст


Силвестр Сталлоне аз марги писараш ба даҳшат омадааст
Силвестр Сталлоне аз марги писараш ба даҳшат омадааст
Шоми ҷумъа дар Лос Анҷелес ҷасади писари 36-солаи ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Силвестр Сталлоне ёфт шудааст. Ҷасади Сейҷ Сталлонеро дар хонааш пайдо кардаанд. Табибон мегӯянд, дар ҷасад нишонии зарбу лат ба назар намерасад. Ҳамчунон ягон нишоние аз худкушӣ ташхис нашудааст. Муфаттишон дар хона якчанд зарфи холии даво пайдо кардаанд, вале номи ин давоҳо ошкор нашудааст. Ташхиси токсикологии ҷасад чанд ҳафтаро дар бар мегирад. Сейҷ Сталлоне аввалин дафъа соли 1990 дар филми падараш Роки V (Rocky V) дар нақши писари Роки Балбоа ҳунарнамоӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG