Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раиси идораи занони Лағмони Афғонистон


СММ куштори раиси идораи умури занони вилояти Лағмони Афғонистонро маҳкум кардааст. Ҳанифа Софӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Меҳтарлом-маркази вилояти Лағмон, ба қатл расидааст. Ҳамла замоне ба амал омадааст,ки хонум Софӣ савори мошин аз назди як мошини саршор аз маводи тарканда убур мекардааст. Дар ин ҳамла шавҳар ва духтари ӯ ҷароҳат бардоштаанд. Толибон мегӯянд, ба ҳамла ҳеҷ иртиботе надоранд, вале мансабдорони афғон бар ин назаранд, ки ҳамла мустақиман ба Толибон иртибот дорад. Софӣ дуввумин раҳбари вилоятии умури занон мебошад, ки дар давоми даҳ соли мавҷудияти чунин вазифа ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG