Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати корманди вазорати занони Афғонистон дар таркиш


Инфиҷор дар шаҳри Меҳтарлам, маркази вилояти Лағмони Афғонистон, боиси ҳалокати корманди вазорати умури занон Ҳанифа Сафӣ ва ҳамсари ӯ гардид. Дар ин ҳодиса тифли хурдсоли онҳо ва чанд раҳгузар ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Полиси маҳаллӣ ҳадс задааст, ки шояд афроди ношинос бомбро дар мошини хонум Сафӣ ҷой кардаанд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо Кобул ангушти иттиҳом сӯи ҷунбиши “Толибон” кардааст.
XS
SM
MD
LG