Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои Сурия наслкӯшии нав дар Ҳаморо ташреҳ карданд


Ҳукумати Димишқ ва мухолифини давлати Сурия хабари наслкӯшии нав дар вилояти Ҳаморо ташреҳ карданд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ бо истифода аз тонку чархболҳои ба деҳкадаи Треймса ҳамла карданд. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз тирборони деҳкада аъзои гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат “Шабаҳа” ба он ҷо ворид шуда, мардумро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин ҳодиса тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ва аммо расонаҳои хабарии давлатӣ дар рӯх додани ин фоҷиа "гурӯҳҳои террористӣ"-ро айбдор намуданд.Онҳо хабаргузориҳои ғарбиро низ муттаҳам карданд, ки воқеиятро таҳриф мекунанд ва талоши тайғири афкори умумро доранд.

Қатли оми нав дар Ҳамо ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Хабари фоҷиаи нав дар ҳоле расид, ки Шӯрои амнияти СММ дар қабули қатъномаи нав оид ба бӯҳрони Сурия ба бунбаст ворид шуд. Русия аллакай эълом дошт, тарҳи нави кишварҳои ғарбиро, ки дар он ба ҳукумати Сурия барои иҷрои ҳатмии тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ Кофӣ Аннон зарбулаҷал дода шудааст, рад мекунад. Дар ин тарҳ гуфта мешавад, ки дар сурати сарпечии ҳукумати Сурия аз иҷрои тарҳ болои Димишқ таҳримҳои нав эъмол хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG