Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳавошиносони Ҷопон аз боришоти нав дар ҷанубу ғарби кишвар ҳушдор доданд. Рӯзҳои ахир бар асари бориши шадид дар ин минтақа дасти кам бист нафар ба ҳалокат расида, ҳашт каси дигар то ҳол беному нишонанд. Аз минтақаи обхезӣ 50 ҳазор нафар кӯчонида шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Ҷопон, аз ин офати табиӣ аз ҳама бештар дар ҷазираи КюсЮ осеб дидааст.

Шоҳидон мегӯянд, ки офати табиӣ манзараи рӯзҳои сунамӣ дар шимолу ғарби Ҷопон дар якуним соли пешро ба ёд меоварад.
XS
SM
MD
LG