Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Квейта шаш нафар кушта шуданд


Дар шаҳри Квейтаи Покистон бар асари таркиш дар канори биное, ки он ҷо нишасти Ҳизби миллӣ-мардумии паштунҳо мегузашт, дастик ам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полис, маводи мунфаҷира дар велосипеде ҷойгир шуда буд. Дар ин ҳодиса шаш нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Квейта – маркази вилояти Балуҷистон, яке аз нооромтарин манотиқи Покистон аст ва он ҷо, аз ҷумла, аз соли 2004 ба ин сӯ гурӯҳҳои ҷудоихоҳи балуҷҳо фаъолият мекунанд, ки барои дар ихтиёри вилоят гузоштани фойида аз фурӯши нафту газ ва дигар захоири табиӣ талош доранд.
XS
SM
MD
LG