Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Блейк: "Осиёи Миёна дар суботи Афғонистон нақши муҳим дорад"


Роберт Блейк, ёвараи вазири умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ.

Роберт Блейк, ёвараи вазири умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ.

Амрико мегӯяд, кишварҳои Осиёи Миёна дар талошҳо барои барқарории субот дар Афғонистон, нақши муҳимеро ифо мекунанд.

Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ бо баёни ин матлаб зимни нишасте роҷеъ ба нақши Осиёи Марказӣ дар Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи Карнегӣ дар Вашингтон гуфт:

“Суботу амнияти бештар ва шукуфоӣ дар Афғонистон замоне ба даст меояд, ки кишварҳои ин минтақа бар асоси тааҳудоти худ дар заминаи мудохила накардан ва ҳамсоядории хуб, ихтилофоти назари худро канор гузошта, барои ҳамгироӣ ва як минтақаи пешрафтаи иқтисодӣ ҳамроҳ кор кунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо, нақши бисёр муҳиме ифо мекунанд.“

Роберт Блейк аз ҷумла тарҳҳои муштараки энержӣ дар минтақа, бунёди роҳҳои оҳан ба сӯи Афғонистон ва кашидани хатҳои нерӯи барқ ба он кишварро ёдовар шуд. Айни замон ӯ аз Бонки Ҷаҳонӣ иқтибос кард, ки гуфтааст, дар сурати камтар шудани муқаррароти расми боҷу хироҷситонӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, суръати рушди иқтисоди ин кишварҳо то 2 дар сад бештар хоҳад шуд.

Аммо Роберт Блейк, гуфт рушди иқтисодӣ бе сулҳу субот дар Афғонистон ба даст намеояд ва Амрико аҳд додааст, ки баъди тарки нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 низ он кишварро танҳо намегузорад ва ҳамчунон ба Афғонистон кӯмакҳои иқтисодӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ба ҳамин хотир Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро идома медиҳад:

“Аксари ҳампаймонҳои мо дар Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки баъди ба дасти нерӯҳои афғон додани масъулияти таъмини амният дар Афғонистон то охири соли 2014, чӣ иттифоқ хоҳад афтод ва оё Амрико ҳамчунон ҳамкориро идома хоҳад дод? Посухи ин суол возеҳ аст. Бале.”

Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ афзуд, Иёлоти Муттаҳида барои муқобила бо ҳаргуна таҳдидҳои амниятӣ, сар аз терроризм то тундгароиву қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа кӯмак хоҳад кард. Ӯ намуна овард, ки дар маҷмӯъ барои муқобила бо қочоқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон барои посбонии муносиби марзҳо садҳо миллион доллар кӯмак кардаанд ва ин корро идома хоҳанд ёфт.

Роберт Блейк ин иддаоҳоро рад кард, ки мегӯянд, Иёлоти Муттаҳида ба хотири манофеъи амниятӣ, масъалаи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақаро, ки аксаран худкома хонда мешаванд, нодида мегирад.

Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар баробари ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша масъалаи ҳуқуқи башарро дар миён мегузорад ва барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он кишварҳо мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG